Русия барномаи бузурги давлатиро оид ба пешниҳоди бурсҳои таҳсилӣ ба Тоҷикистон таҳия мекунад

Март 3, 2023 13:51

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков 2 март аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе боздид намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд. 

Зимни мулоқот лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, инчунин якчанд масъалаҳои марбут ба густариши номгӯи барномаҳои таълимӣ, ки дар филиалҳои Душанбегии донишгоҳҳои Русия амалӣ карда мешаванд, ҳамоҳангсозии маъракаҳои қабул ва дигар мавзуъҳои марбут ба донишгоҳҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия зарурати ҳалли созандаи тамоми масъалаҳоеро, ки барои рушди маориф ва илм монеа эҷод мекунанд, таъкид кард.

Валерий Фалков иброз дошт, ки ҷониби Русия як барномаи бузурги давлатиро ҷиҳати пешниҳоди бурсҳои таълимӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштарак барои давлатҳое, ки онҳоро таърихи муштараки шӯравӣ ва узвият дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ муттаҳид мекунад, таҳия менамояд.

АКС: филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов  дар Душанбе

Март 3, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид