«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмун ҷамъбаст карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода иброз дошт, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2023 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.
Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи панҷ номинатсия 112 550 сомонӣ ҷудо намудааст.
Дар озмун роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супорид.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳамаи номинатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» — Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ҷойи 1-ум, Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоот» (Боғи устод Рӯдакӣ) ҷои 2-юм ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» зинаи 3-юмро ишғол намуд.
Дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» — Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) зинаи аввал, Гулгашти хиёбони И.Сомонӣ, ноҳияи Сино зинаи дуюм ва Гулгашти назди муҷассамаи С.Айнӣ зинаи сеюмро соҳиб гардид.

Дар номинатсияи «Кӯча ё хиёбони беҳтарин» — кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) ҷойи аввал, хиёбони Рӯдакӣ (н. И.Сомонӣ) ҷойи 2-юм, хиёбони Исмоили Сомонӣ, н.Сино зинаи сеюмро касб кард.
Дар номинатсияи Композитсияи беҳтарин мавзеи назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ зинаи якум, Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» зинаи дуюм ва Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ» зинаи сеюмро ишғол намуданд.
«Гулпарвари беҳтарин» — гулпарвари Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Фирӯза Зоирова дониста шуд. Ҷойи 2-юм ба гулпарвари Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино Гулдаста Амирова дода шуд. Гулпарвари Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» Наврӯзҷон Ҳасанов сазовори зинаи 3-юм шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур бо баргузории барномаи бошукуҳи фарҳангӣ анҷом ёфт.
АКС: Dushanbe Travel




















Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад






