«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Бохтар беш аз 1 млн бех гулу бутта шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор бех гулу гулбутта шинонида шуд, ки аз ин 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади он вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои сабзазоркунию хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо мебошад.
АКС: Шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон


















Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






