«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Бохтар беш аз 1 млн бех гулу бутта шинонида шуд

Март 28, 2023 19:19

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Фестивали гулҳо «Сайри гули лола»  баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар доираи баргузории фестивали мазкур дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор бех гулу гулбутта шинонида шуд, ки аз ин 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки  Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Мақсади он вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳо, ҳамзамон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои сабзазоркунию хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо мебошад.

АКС: Шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Март 28, 2023 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид