«Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии тарғиботӣ гузаронд

Март 15, 2023 18:22

ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Дар робита ба ин сана 14 март аз ҷониби бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» чорабинии тарғиботӣ доир гардида, ба мизоҷони бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Ҳамзамон зимни чорабинӣ ба шарҳвандон ва мизоҷон оид ба фаъол будани Маркази тамоси «Саноатсодиротбонк» тариқи  рақами кутоҳи 8855, саҳифаи тамос дар сомонаи расмии бонк ва саҳифаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук, Инстаграмм ва Телеграмм) маълумот дода шуд.

Дар баробари ин аз ҷониби кормандони бонк ба шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла маҳсулоти қарзӣ, пасандоз, барномаи мобилии «СББ-Мобайл», низомҳои интиқол, кортҳо ва ғайра варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

АКС: Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Март 15, 2023 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон ва БОР лоиҳаи идоракунии обанбори «Баҳри Тоҷик»-ро баррасӣ намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1296 сомонӣ муқаррар шудааст
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд