«Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чорабинии тарғиботӣ гузаронд
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Дар робита ба ин сана 14 март аз ҷониби бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» чорабинии тарғиботӣ доир гардида, ба мизоҷони бонк ва шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунандаи хизматрасониҳои бонкӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Ҳамзамон зимни чорабинӣ ба шарҳвандон ва мизоҷон оид ба фаъол будани Маркази тамоси «Саноатсодиротбонк» тариқи рақами кутоҳи 8855, саҳифаи тамос дар сомонаи расмии бонк ва саҳифаҳои иҷтимоӣ (Фейсбук, Инстаграмм ва Телеграмм) маълумот дода шуд.
Дар баробари ин аз ҷониби кормандони бонк ба шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла маҳсулоти қарзӣ, пасандоз, барномаи мобилии «СББ-Мобайл», низомҳои интиқол, кортҳо ва ғайра варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
АКС: Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»













Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9000 то 10.1161 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад






