Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол хати оби полезиро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали вилояти Суғд боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол хати оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин рӯ, хати оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашида шуда, ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.
Саргаҳи оби полезӣ дар мавзеи Бинокори шаҳр ҷойгир буда, хатти об то боғи навбунёд ба воситаи қубурҳои калонҳаҷми қутрашон 250- миллиметра кашида шудааст ва барои фаъолияти доимӣ иншооти ирригатсионӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи навбунёд барои истифода ба 40 оилаи ҳудуди шаҳр тақсим гардидааст, ки пас аз боровар гардидани ниҳолҳои шинонида ин оилаҳо аз ҳисоби парвариши хуч даромади хуб ба даст хоҳанд овард. Зеро талабот ба он ҳам дар бозорҳои дохилӣ зиёд аст ва ҳам хуч ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои дигар кишварҳо харидор дорад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят феълан коркарди ин навъи маҳсулот дар шакли мураббо ва нӯшобаҳои табобатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва боғи навбунёд минбаъд метавонад дар таъмини эҳтиёҷоти чунин коргоҳу корхонаҳо бо маҳсулоти аввалия нақши асосӣ бозад.
Бояд гуфт, ки хати оби полезӣ ва ташкили боғи хуч дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истифодаи самараноки заминҳои ҳудуди шаҳри Истиқлол ташкил шуда, минбаъд имкон аст, ки масоҳати ин боғ то 187 гектар расонида шавад.
Барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонида ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани истеҳсоли хуч, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони шаҳр дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали вилояти Суғд дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ин хоҷагӣ, ҳамсони намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табиии Тоҷикистон омода шудаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба маъраз гузошта шуд.
Дар намоиши мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба тадбир андешида, содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.









Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд






