Се деҳаи ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин карда шуд

Март 10, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ҳазор аҳолии се деҳаи ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин карда шуд.  Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ шабакаи нави обтаъминкуниро ба истифода дод, ки он дар доираи Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот барқарор карда шуд. Шабакаи обтаъминкунии «Ҷавонӣ» 10 ҳазор аҳолии се деҳаро бо оби тоза таъмин намуд. 

Интизор меравад, ки бо дастгирии лоиҳа тақрибан 400 ҳазор нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо мекунад ва тақрибан 100 ҳазор нафар, асосан кӯдакон аз сармоягузорӣ дар иншооти WASH ва омӯзиши масъалаҳои гигиенӣ дар мактаб манфиат мебардорад.

Дар ноҳияи Данғара ҳайати меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дидан намуд. Он яке аз 26 муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон аст, ки дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад.

Донишгоҳ барои донишҷӯёни факултети тиббӣ чор озмоишгоҳи замонавиро таъсис ва муҷаҳҳаз намудааст, ки дар онҳо донишҷӯён метавонанд малакаҳои худро такмил диҳанд, нақшаҳои таълимии худро бозбинӣ намуда, таҷдид созанд. Ғайр аз ин, дар шакли онлайн сомона барои дастрас кардани лексияҳо ва дигар захираҳои таълимӣ ба доираи васеи шунавандагон ташкил шудааст. Донишҷӯёне, ки қаблан дар ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ амалиёти ҷарроҳии пизишконро мушоҳида мекарданд, акнун метавонанд ин техникаро дар амал санҷанд, ки ин эътимоди онҳоро зиёд мекунад ва барои кор бо аҳолӣ беҳтар омода мешаванд.


Дар маҷмӯъ, тақрибан 28 ҳазор  донишҷӯ, ки қариб 40 дарсади онҳо духтар аст, аз татбиқи Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ баҳра бурданд.

Дар айни замон Бонки ҷаҳонӣ 25 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,59 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафар ба Тоҷикистон Ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, ҷонибдории Бонки ҷаҳониро оид ба дастгирии ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла таваҷҷуҳи махсус ба рушди сармояи инсонии мамлакат, инкишофи инфрасохтори «сабз» ва боло бурдани устуворӣ тавассути мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи иҷтимоӣ бори дигар тасдиқ кард.

Анна Бйерде гуфт, ки «бо назардошти вазъи демографӣ ва ҳадафҳои рушди мамлакат сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ афзалияти аввалиндараҷаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад».

«Бо мақсади мусоидат ба ҷумҳурӣ дар бунёди иқтисодиёти бештар фарогир ва устувор имсол мо маблағгузории се лоиҳаи навро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ интизорем»,-таъкид намуд Анна Бйерде.

Дар баробари мулоқот бо Президенти Тоҷикистон, вазирон ва дигар мақомоти давлатӣ Анна Бйерде инчунин бо чанд лоиҳае, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар вилояти Хатлон маблағгузорӣ мешаванд, шинос шуд.

АКС: Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Март 10, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид