Шароити кору зиндагии занону духтарони Бадахшон беҳтар гардидааст, — бардошт аз ҳамоиши идона дар Хоруғ
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки занону модарони фаъоли вилоят чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Дар ҷамъомади идона таъкид гардид, ки бо шукргузорӣ аз замони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати оқилонаву дурандешона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат дар баробари рушду инкишофи кулли соҳаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи махсус ба баланд бардоштани мақоми зан-модар равона гардидааст.
Тазаккур дода шуд, ки айни ҳол, дар ин самт «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» татбиқ мешаванд.
Бо изҳори хушнудӣ аз фаъолияти занони мамлакат дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ ёдоварӣ шуда, изҳор гардид, ки модарону духтарони бадахшонӣ низ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аҳлона меҳнат менамоянд.
Нотиқон аз баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва маърифатӣ, аз ҷумла озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизам!» ва «Илм-фурӯғи маърифат», ки аксари ғолибони онҳоро ҷавондухтарон ташкил медоданд, ёдрас шуда, дар ин росто муваффақияти варзишгардухтарони вилоят дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва байналмилалӣ махсус тазаккур дода шуд.
Бо ишора ба бузургии модар, гуфта шуд, ки сиёсатмадорону олимон ва намояндагони дигар соҳаҳо вобаста ба нақшу саҳми модарон дар рушду тараққии ҷомеа андешаронӣ намуда, таъкид месозанд, ки зан ҳамчун нигаҳдорандаи нуру гармии хонадон, афрӯзандаи шуълаи меҳру муҳаббати оилавӣ ва ҳамсафари вафодори шавҳару роҳнамои шоҳроҳи зиндагии фарзандон бояд худ ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта шавад.
Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат дар ин ҷода тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд.
Гуфта шуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021- 2025» соли гузашта 10 лоиҳа дастгирӣ ёфт.
Дар ҷодаи таълим дар давраи соҳибистиқлолӣ садҳо духтар аз вилоят, тавассути квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, соҳиби касб гардид. Бо ташкили марказу маҳфилҳои касбомӯзӣ ва ҳунарӣ бонувони синну соли гуногун касбҳои нави талаботи замонро аз худ намуда, ҷиҳати пешбурди соҳаҳои мухталиф меҳнат менамоянд.
Дар ҳамоиш аз занону духтарони вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки дар руҳияи ватанпарастию миллатдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишу анъана ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон бо масъулияти баланд амал намоянд.
Сипас дар фазои тантанавӣ зумрае аз занону духтарони фаъол, собиқадорони меҳнат, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми муносиб доранд, бо «Сипоснома», туҳфаҳои хотиравӣ ва «Ифтихорнома»-ҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






