ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд
ХОРУҒ, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» бо риояи тамоми расму суннат ва анъанаҳои хоси ин ҷашни бостонӣ базми наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки «ҷашни Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайваст намудани наслҳо, эҳёи расму суннатҳои ниёгон аст. Наврӯз тараннумгари зебоӣ, меҳру муҳаббат ба табиат ва ҳифзи он, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагӣ мебошад. Наврӯз дар тӯли таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи худ марҳилаҳои бисёр мушкил ва пурӣ гузоштани он пеш омад, аммо аҷдодони фарҳангдӯсти мо бо вуҷуди ин монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳифз карданд, балки ба он ҷилои нав бахшиданд. Дар замони истиқлоли давлатӣ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба сифати ойини башардӯстонаву офарандагӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд».
Як гурӯҳ ҷавонон дар ин рӯз маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд. Ҳар миз бо ғизоҳои наврӯзӣ ва хӯрокҳои миллӣ хеле зебо оро ёфта буд. Яке аз таҳиякунандагони ин дастархон гуфт, ки «хӯрокҳои наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳое мебошанд, ки аз ғаллаи кӯфта, нахуд, боқило ва баъзе аз гиёҳҳои хуштаъм, ба монанди райҳон, пудина, шулха, пиёзу қаламфур пухта шудаанд. Маҳз аз баракати наврӯз ин ғизоҳои солим дар тӯли таърих ҳифз шудаанд. Ғизоҳои наврӯзие ҳастанд, ки ба гунаи дастҷамъона таҳия мешаванд, ки баъзан то се-чор соат вақт талаб мекунанд. Бат ва кочӣ аз ҷумлаи ғизоҳои маҳаллии наврӯзӣ мебошанд, ки танҳо кадбонуҳои соҳибҳунар инҳоро омода карда метавонанд. Дар мизи дигар мо ҳунари дастии занонро ба намоиш гузоштем, ки онҳо дар байни ҳам сайёҳони ватанӣ ва ҳам хориҷӣ харидори зиёд доранд. Маҳз ҳамин муҳраҳои гуногунбофт, шерозаву дастпонаҳо бо нақшу нигори пурҷило базми наврӯзии моро боз ҳам рангинтар намуд».
Воқеан Наврӯз яке аз идҳои қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ бар гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии на танҳо мамлакати мо, балки кулли сокинони сайёра аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






