ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд

Март 23, 2023 13:51

ХОРУҒ, 23.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд» бо риояи тамоми расму суннат ва анъанаҳои  хоси ин ҷашни бостонӣ базми наврӯзӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст. 

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки «ҷашни Наврӯз рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи пайваст намудани наслҳо, эҳёи расму суннатҳои ниёгон аст. Наврӯз тараннумгари зебоӣ, меҳру муҳаббат ба табиат ва ҳифзи он, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагӣ мебошад. Наврӯз дар тӯли таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи худ марҳилаҳои бисёр мушкил ва пурӣ гузоштани он пеш омад, аммо аҷдодони фарҳангдӯсти мо бо вуҷуди ин монеаву мушкилоти зиёд Наврӯзро на танҳо ҳифз карданд, балки ба он ҷилои нав бахшиданд. Дар замони истиқлоли давлатӣ бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба сифати ойини башардӯстонаву офарандагӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шуд».

Як гурӯҳ ҷавонон дар ин рӯз маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд. Ҳар миз бо ғизоҳои наврӯзӣ ва хӯрокҳои миллӣ хеле зебо оро ёфта буд. Яке аз таҳиякунандагони ин дастархон гуфт, ки «хӯрокҳои наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳое мебошанд, ки аз  ғаллаи кӯфта, нахуд, боқило ва баъзе аз гиёҳҳои хуштаъм, ба монанди райҳон, пудина, шулха, пиёзу қаламфур пухта шудаанд. Маҳз аз баракати наврӯз ин ғизоҳои солим дар тӯли таърих ҳифз шудаанд. Ғизоҳои наврӯзие ҳастанд, ки ба гунаи дастҷамъона таҳия мешаванд, ки баъзан то се-чор соат вақт талаб мекунанд. Бат ва кочӣ аз ҷумлаи ғизоҳои маҳаллии наврӯзӣ мебошанд, ки танҳо кадбонуҳои соҳибҳунар инҳоро омода карда метавонанд. Дар мизи дигар мо ҳунари дастии занонро ба намоиш гузоштем, ки онҳо дар байни ҳам сайёҳони ватанӣ ва ҳам хориҷӣ харидори зиёд доранд. Маҳз ҳамин муҳраҳои гуногунбофт, шерозаву дастпонаҳо бо нақшу нигори пурҷило базми наврӯзии моро  боз ҳам рангинтар намуд».

Воқеан Наврӯз яке аз идҳои қадимтарини халқи тоҷик ба шумор рафта, рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, сардӣ бар гармӣ ва тарғибгари ваҳдату ҳамдилии на танҳо мамлакати мо, балки кулли сокинони сайёра аст.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Март 23, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба эҷодиёти шоир ва драматурги тоҷик Ҳикмат Раҳмат маҳфили адабӣ баргузор шуд
АҲСАНТ! Донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Мария Чебоненко сазовори медали тиллои озмуни байналмилалӣ гардид
Дар шаҳри Бӯстон Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 62 иштирокчии даври шаҳрии озмун дар Норак ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт
Бостоншиносон дар ёдгории бостонии Санҷаршоҳ ҳафриёт мегузаронанд
Дар Душанбе доир ба нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология Конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ машварати илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мавзуи буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири он ба тоҷикони Афғонистон ҳамоиш доир шуд
Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
МУБОРАК БОШАД! «Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш бозёфтҳои асри санг намоиш дода шуд
Дар Душанбе ҳамоиши навбатии илмӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Тоҷикони барӯманди Афғонистон» баргузор гардид