ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар шаҳри Хоруғ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана ҷашн гирифтанд

Март 16, 2023 14:45

ХОРУҒ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои хонандагони болаёқат бахшида ба ҷашни Наврӯз барномаи адабӣ-мусиқии «Наврӯз- рамзи ҳамбастагии инсон ва табиат» баргузор карда шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.

Омӯзгорону хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ намоиши расму оинҳои наврӯзӣ, либосҳои миллӣ, ғизоҳои миллӣ, бозиҳо ва таронаву рақсҳои хоси ин ҷашнро доир намуданд. Дар ин муассисаи таълимӣ кӯдакону наврасон аз аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд ва ҳар яки онҳо ғизои хоси наврӯзии маҳали худро ба намоиш гузошт, ки суманак, кочӣ, ҳалво, бат, боҷ, ширруған ва далда  маъмултарин ғизоҳои ин ид шуморида мешаванд. Хонандагон ҳамчунин бозиҳои ҷолиб- лаш, буҷулбозӣ, алвонҷак, санҷак, ҷангондани кабку хурӯс ва тухмбозиро манзури тамошобинон гардониданд.

Роҳбари Мактаби президентии шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки  «Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва дӯстдоштании мардуми тоҷик аст,  ки давоми ҳазорсолаҳо ҳама гуна таҳдиду фишор ва хатарҳоро пушти сар гузошта, махсусияти худро нигоҳ доштааст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои эҳёи дубораи рамзҳо ва расму оинҳои ниёгон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Муҳаққиқону олимон ба таҳқиқи таърихи ин ҷашни куҳани халқи тоҷик шуруъ намуданд. Мақсади  баргузории ҷашни имрӯза-  бори дигар гирди ҳам овардани хонандагон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат аст, то онҳо бо расму оин ва маросими наврӯзии ҳамдигар аз наздик шинос шаванд ва  дӯстию рафоқаташон боз ҳам қавитар гардад».


Гуфта шуд, ки кӯдакону наврасон расму анъанаҳои мардуми худро аз забони бобову бибиҳо, падару модарон шунида, сабт мекунанд ва дар шаклҳои мухталиф ё ба воситаи саҳначаву рақс ба ҳамсолони худ нишон медиҳанд. Агар дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин маҳфилҳо баргузор гарданд, сол аз сол Наврӯзи мо боз ҳам зеботару ҷолибтар шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад. Дар оянда низ  теъдоди сайёҳони хориҷӣ, хосса  онҳое, ки ба расму оини қадимӣ таваҷҷуҳи хос доранд, рӯ ба афзоиш мениҳад.

Кӯдакон ҷашни Наврӯзро  бо бозии «қилоғузғуз» ва ё хонагаштак ба анҷом расонданд. Мутобиқи ин расм, кӯдакон хона ба хона гашта, ба болои боми хонаҳо мебароянд ва ба равзанаи хона ресмоне мепартоянд ва бо таронаи наврӯзӣ зери садои танбӯру даф соҳибони хонаро табрик мекунанд. Соҳиби хона онҳоро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфта, туҳфаеро аз анвои ширинӣ даруни рӯймоле андохта, ба ресмон мебандад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 16, 2023 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид