ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар шаҳри Хоруғ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана ҷашн гирифтанд
ХОРУҒ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои хонандагони болаёқат бахшида ба ҷашни Наврӯз барномаи адабӣ-мусиқии «Наврӯз- рамзи ҳамбастагии инсон ва табиат» баргузор карда шуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.
Омӯзгорону хонандагон дар саҳни муассисаи таълимӣ намоиши расму оинҳои наврӯзӣ, либосҳои миллӣ, ғизоҳои миллӣ, бозиҳо ва таронаву рақсҳои хоси ин ҷашнро доир намуданд. Дар ин муассисаи таълимӣ кӯдакону наврасон аз аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд ва ҳар яки онҳо ғизои хоси наврӯзии маҳали худро ба намоиш гузошт, ки суманак, кочӣ, ҳалво, бат, боҷ, ширруған ва далда маъмултарин ғизоҳои ин ид шуморида мешаванд. Хонандагон ҳамчунин бозиҳои ҷолиб- лаш, буҷулбозӣ, алвонҷак, санҷак, ҷангондани кабку хурӯс ва тухмбозиро манзури тамошобинон гардониданд.
Роҳбари Мактаби президентии шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки «Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва дӯстдоштании мардуми тоҷик аст, ки давоми ҳазорсолаҳо ҳама гуна таҳдиду фишор ва хатарҳоро пушти сар гузошта, махсусияти худро нигоҳ доштааст. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат барои эҳёи дубораи рамзҳо ва расму оинҳои ниёгон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Муҳаққиқону олимон ба таҳқиқи таърихи ин ҷашни куҳани халқи тоҷик шуруъ намуданд. Мақсади баргузории ҷашни имрӯза- бори дигар гирди ҳам овардани хонандагон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат аст, то онҳо бо расму оин ва маросими наврӯзии ҳамдигар аз наздик шинос шаванд ва дӯстию рафоқаташон боз ҳам қавитар гардад».


Гуфта шуд, ки кӯдакону наврасон расму анъанаҳои мардуми худро аз забони бобову бибиҳо, падару модарон шунида, сабт мекунанд ва дар шаклҳои мухталиф ё ба воситаи саҳначаву рақс ба ҳамсолони худ нишон медиҳанд. Агар дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ чунин маҳфилҳо баргузор гарданд, сол аз сол Наврӯзи мо боз ҳам зеботару ҷолибтар шуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад. Дар оянда низ теъдоди сайёҳони хориҷӣ, хосса онҳое, ки ба расму оини қадимӣ таваҷҷуҳи хос доранд, рӯ ба афзоиш мениҳад.
Кӯдакон ҷашни Наврӯзро бо бозии «қилоғузғуз» ва ё хонагаштак ба анҷом расонданд. Мутобиқи ин расм, кӯдакон хона ба хона гашта, ба болои боми хонаҳо мебароянд ва ба равзанаи хона ресмоне мепартоянд ва бо таронаи наврӯзӣ зери садои танбӯру даф соҳибони хонаро табрик мекунанд. Соҳиби хона онҳоро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфта, туҳфаеро аз анвои ширинӣ даруни рӯймоле андохта, ба ресмон мебандад.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад






