Соҳибкорони вилояти Суғд якҷо бо тоҷирони рус лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро амалӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату савдо ва кишоварзӣ гурӯҳи калони соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди Федератсияи Русия ба вилояти Суғд омада, бо роҳбарияти вилоят мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса равона гардида, молу маҳсулоти истеҳсолкунандагон ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия содирот карда мешавад.
Намояндаи Нижегород таъкид кард, ки сафари соҳибкорони ин вилоят ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Таъкид карда шуд, ки дар вилояти Нижегород саноати мошинсозӣ, саноати сабук ва коркард хеле рушд карда, соҳибкорони рус омодаанд бо соҳибкорони тоҷик якҷо лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намоянд.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки вилояти Суғд дорои имконоти васеъ буда, барои ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, истеҳсоли техникаҳои коммуналӣ, саноати сабук, коркарди пашм, истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва сайёҳӣ омода аст.
Ёдовар мешавем, ки 2-3 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






