Сокинони ноҳияи Темурмалик дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд
ТЕМУРМАЛИК, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври аввали муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон- оинаи таърихи миллат», ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик доир гардид, 710 хонанда ва 27 омӯзгор иштирок намуда, аз ин ҳисоб 91 хонанда ва 7 омӯзгор ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Сокинони ноҳия низ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм- фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» фаъолона иштирок менамоянд.
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ҷалби бештари сокинон барои иштирок дар ин озмунҳо суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни омӯзгорону хонандагон ва сокинон пайваста мегузаронад.
Узви ҳакамони озмун Орзу Шарифхонов иттилоъ дод, ки “баргузории чунин озмунҳо ҷалби хонандагонро ба китобу китобхонӣ, ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ бештар намуда, онҳо аз асарҳои адибони классику муосир баҳравар мегарданд. Имсол ба озмунҳои қаблии ҷумҳуриявӣ боз як озмуни дигар- ««Тоҷикон- оинаи таърихи миллат» илова гардид, ки мақсад аз ташкили он огоҳии бештар пайдо намудани шаҳрвандон аз таъриху маданият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Даври аввали озмуни мазкур аллакай дар аксар корхонаю ташкилот ҷамъбаст гардид. Оиннома, шартҳо ва тарзи баргузории озмунҳо ба ҳама дастрас буда, шаҳрвандон метавонанд бо онҳо шинос шуда, озодона дар озмунҳо иштирок намоянд”.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд






