«Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Ҷидда ва Хуҷанд-Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ карда мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе рӯзҳои панҷшанбе — 14:30, аз Ҷидда — 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда — 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст.
Аз Фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд парвозҳо ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе, соати 21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда ба самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 соату 15 дақиқа, дар бозгашт 4 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






