ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Моҳи феврали аз ҳама гармтарин дар 100 соли охир дар Ҳиндустон ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯиҳои обуҳавосанҷон, пас аз сабти гармтарин моҳи феврал аз соли 1901 инҷониб Ҳиндустон имсол тобистони хеле гармро аз сар мегузаронад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC News хабар додааст.
Ҳарорати миёнаи баландтарин дар моҳи феврал 29,5 дараҷаи Селсияро ташкил дод, ки аз замони оғози сабти ҳарорат дар Ҳиндустон баландтарин аст.
Департаменти обуҳавосанҷии Ҳиндустон (MDI) инчунин гармии эҳтимолии ғайримуқаррариро аз моҳи март то моҳи май пешгӯӣ мекунад.
Гармии тӯлонӣ метавонад ба истеҳсоли гандум таъсир расонад ва талаботро ба неруи барқ афзоиш диҳад.
«Давоми моҳҳои март- моҳи май дар аксари минтақаҳои шимолу шарқӣ, шарқӣ ва марказии Ҳиндустон ва қисматҳои шимолу ғарби Ҳиндустон шояд ҳарорат аз меъёр хеле баланд шавад»,- омадааст дар изҳороти департаменти обуҳавосанҷии Ҳиндустон.
Тобистони тафсон ва гармии ғайримуқаррарӣ барои Ҳиндустон, махсусан дар моҳҳои май ва июн чизи маъмулист. Аммо мисли соли гузашта, тобистони имсола барвақттар оғоз мешавад- моҳи марти соли 2022 дар Ҳиндустон чун соли 1901 гармтарин моҳ маҳсуб мешуд.
Коршиносон инчунин иброз доштанд, ки ҳоло дар Ҳиндустон давраҳои гармии ғайримуқаррарӣ шадидтар ва муттасил буда, давомнокии дарозтар доранд.
Бисёре аз коршиносон ҳамчунин аз таъсири гармои шадид ба мардуми камбизоат изҳори нигаронӣ мекунанд, ки аксаран маҷбуранд дар ҳавои гарми берун кор кунанд.
Мувофиқи тадқиқоте, ки соли гузашта дар маҷаллаи тиббии The Lancet нашр шуда буд, дар Ҳиндустон дар давраи солҳои 2000-2004 ва 2017-2021 фавтнокӣ аз гармии шадид 55% афзоиш ёфт.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Getty Images








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






