Таҷлили Рӯзи Модар муҳаббату самимият ва эҳтиром нисбат ба Зан-Модар аст
ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» — таҳти ин унвон башида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар дод.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон эҳтироми амиқу арҷгузории хосса дошта, ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ арҷ мегузоранд.
Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Модар- ин муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан-Модар маҳсуб мешавад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону занони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, моро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модаронн арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем.
Гуфта шуд, ки давлати мо дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона мамлакате мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст. Имрӯз занон баробари мардон дар сиёсат ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо самаранок фаъолият доранд. Таҷрибаи имрӯза нишон медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон занон бо дарки бештари масъулият дар корҳои сиёсӣ ва сохторҳои идории ҷумҳурӣ аз уҳдаи вазифаҳои худ ба хубӣ мебароянд.
Дар ҷамъомад аз ҷониби маркази таълимӣ-ҳунармандии донишгоҳ «Чаманоро» либосҳои миллии таҳиянамудаи тарроҳон ба намоиш бароварда шуда, барономаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва меҳри модар пешкаши иштирокдорон гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






