ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 март, шанбе, 70-умин рӯзи соли 2023 аст
11 марти соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» нашр шуд.
***
11 марти соли 2015 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ Ҳелга Мария Шмид масоили вобаста ба ҳамгироии амниятии Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳам мавзӯъҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.
11 МАРТ:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи матбуоти тоҷик.
***
Дар Литва – Рӯзи истиқлол.
РӮЙДОДҲО:
11 марти соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пойтахти нави маъмурии Миср боздид ба амал оварданд.
***
11 марти соли 2021 Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Иттиҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» гардид.
***
11 марти соли 2007 дар шаҳри Душанбе Форуми серӯзаи матбуоти тоҷикзабонон ифтитоҳ гардид.
***
11 марти соли 2009 дар пойтахти Олмон намоиши сайёҳии ITB Berlin-2009 баргузор шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардид.
***
Соли 2019 бино ба натиҷаҳои назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Агентии иттилоотии сол эълон карда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДАНД:
Ғанӣ Абдулло- соли 1912 – драматург, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.
***
Зебо Аминова- соли 1942 – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.