ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, панҷшанбе, 61-умин рӯзи соли 2023 аст
2 марти соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
***
2 марти соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни байналмилалии Наврӯз тасдиқ карда шуд.
2 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии гӯгирд.
РӮЙДОДҲО:
2 марти соли 2011 дар Тоҷикистон Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.
***
2 марти соли 2013 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо шуд.
***
2 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид.
***
2 марти соли 1992 Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдава, Туркманистон ва Узбекистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол аъзои Созмони Милали Муттаҳид шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 1993 Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ ташкил карда шуд.
***
2 марти соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.