ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 март, сешанбе, 66-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 7, 2023 08:00

7 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати бист солагии барқароршавии  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Олмон ба Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федералии Олмон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Федералии Олмон  Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

***

7 марти соли 2017 дар  «Кохи Борбад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи Модар чун анъанаи накуи наврӯзӣ бо занону духтарони фаъоли мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир намуданд.

7 МАРТ:

Дар Албания – Рӯзи омӯзгор.

***

Дар Лаос – Рӯзи собиқадорон.

***

Дар Туркманистон – Рӯзи кормандони комплекси нақлиёт ва алоқа.

РӮЙДОДҲО:

7 марти соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Озарбойҷон «TREND» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

7 марти соли 2013 дар чемпионати минтақавии Осиё дар пойтахти Шри Ланка-шаҳри  Коломбо дастаи футболи  ҷавонзанони Тоҷикистон (U-14) дастаи Бутанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд.

 ***

7 марти соли 2016  Дар назди кафедраи «Омӯзиши Осиёи Марказӣ»-и факултети «Муносибатҳои байналмилалӣ» — и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея шуъбаи забони тоҷикӣ ифтитоҳ карда шуд.

***

7 марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати сиёсии байниидоравии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.

***

Соли 2013  маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи «Бо чашми Рӯдакӣ» дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти «Звезда»-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД 

Зулфия Баҳриддинова- соли 1922 – Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

***

Ҷура Латифов- соли 1938 –доктори илмҳои таърих, профессор.

Март 7, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст