ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Пагоҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба истироҳат мебароянд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 март хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст карда мешавад. Дарс дар мактабҳои мамлакат 27 март оғоз меёбад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, таътили баҳории хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 5 рӯз ихтисор мешавад, зеро бо сабаби сардиҳои шадид хонандагон дар зимистони соли равон аз муҳлати муқаррарӣ 8 рӯз бештар истироҳат карданд. Ҳамин тавр имрӯз, 20 март танҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ, яъне синфҳои аз 5 то 11 дарсӣ муқаррар гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан бар асоси қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона барои хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои томактабӣ то 20 январ тамдид шуда буд.
«Бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ таътили зимистона то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд», -шарҳ доданд дар ин ниҳод.
Дар давраи таътил ба хонандагон рӯйхати китобҳо барои мутолиа тавсия мешавад.
Таъкид карда шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.
Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.
Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






