ТАВАҶҶУҲ! Аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ аз 18 март, соати 22:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Азнавсозии хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз хиёбони Ҷаббор Расулов то кӯчаи Алишери Навоӣ)» амалӣ шуда истодаанд.
Бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ муваққатан қатъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он, аз ҷумла хиёбонҳои Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Муродулло Шерализода, Маяковский, Баҳоуддинов ва Бунёдкорон истифода баранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






