Теъдоди ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатора бо автобус дар Нигерия ба 7 нафар расид

Март 10, 2023 11:47

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатора бо автобус, ки рӯзи панҷшанбе дар Лагос — маркази иқтисодии Нигерия ба амал омад, ба 7 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора «Синхуа» хабар додааст.

Ба маълумоти Агентии миллӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Нигерия, рӯзи панҷшанбе, соати 07:20 ба вақти маҳаллӣ автобусе, ки дар он қариб 90 корманди давлатӣ қарор дошт, дар гузаргоҳи роҳи оҳан ба қатора бархӯрд. Се мусофир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.

84 нафаре, ки дар автобус буд, маҷрӯҳ шуд.

Тавре ба «Синхуа» як манбаъ дар бемористони маҳаллӣ хабар додааст, чаҳор нафари осебдида баъдан даргузашт ва шумораи ҳалокшудагон ба ҳафт нафар расид.

Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 10, 2023 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст