ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ. Иқтидору имконияти сайёҳии Тоҷикистон ба донишҷӯёни Ҳиндустон муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила зиёд намудани шумораи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат аз ҷониби устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон муаррифӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муаррифии дастовардҳои бахши сайёҳии Тоҷикистон ба донишҷӯёни Ҳиндустон дар доираи баргузории конфронси IV муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва ҳадафҳои рушди устувор ҷараён гирифт.
Устодони Донишгоҳ зимни баргузории машғулият оид ба масъалаҳои вобаста ба рушди сайёҳӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳа, инфрасохтор ва иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳон, инчунин шароиту имконияти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ дар дохили мамлакат ибрози андеша намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






