Тоҷикистон ва Туркия тасмим гирифтаанд, ки Фонди сармоягузорӣ таъсис диҳанд

Март 9, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия  тасмим гирифтаанд, ки дар оянда Фонди сармоягузории муштарак таъсис диҳанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия дар Душанбе дар мулоқоти  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баррасӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот имконияти сармоягузории ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.

Мусоҳибон омодагии худро доир ба тақвияти ҳамкорӣ изҳор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои  баргузори Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Туркия ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Туркия кор бурда шавад.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд