«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Таҳти чунин унвон дар саросари Тоҷикистон фарҳанги либоспӯшӣ муаррифӣ мегардад

Март 12, 2023 10:22

ДУШАНБЕ, 12.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 март то 30 май иқдоми «Тоҷикона  мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва  вазорату идораҳо   ба роҳ монда мешавад, ки  ин нишона  аз тамаддунофариву фарҳанги  бой доштани миллати тоҷик мебошад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарасти мардуми покнажоди тоҷик аст. Доир ба ин ва бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод карда шудааст. Дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Ба бар намудани либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат муҳим ва масъулият аст. Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакати мо паст мекунад. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба масъалаи мазкур вобастаанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистони азизро ҳифз намоянд.

«Барои духтарон ва бонувон пӯшидани либосҳои сиёҳ, рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоб, либосҳои нимбараҳнаи аврупоӣ, нимдоман (миниюбка), деколте, топик, куртаҳои нафису  тунук, ки баданро намоён мекунанд, ҳамчунин  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан бо калӯш, дампоӣ (шлёпка), либосҳои таҳпӯш, хилъатҳои хонапӯшӣ, ласина, шимҳои танге, ки ҷойҳои барҷастаи бадан намоён мешаванд, либосҳо, ки аз матоъҳои синтетикӣ тайёр шудаанду ба саломатӣ зарар доранд, тавсия дода намешавад»,- чунин омадааст дар бахши ёздаҳуми «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон», ки  соли 2018 аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон   нашр  ва  ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод гардид.

Дастурамали мазкур   бо мақсади риояи тарзи либоспӯшӣ ва ташвиқи либосҳои миллӣ  таҳия гардида, Вазорати фарҳанг ва сохторҳои он дар маҳал якҷо бо  кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо,  шаҳру  ноҳияҳо дар амалӣ шудани он  мусоидат менамоянд.


Мавриди  тазаккур аст, ки  Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоати  мамлакат  ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавриди пӯшидани либоси бегона чунин таъкид намуда буданд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

Бояд гуфт, ки дастурамали мазкур   аз  11 бахш ва 6 фасл иборат буда,  дар он  аксҳои  либосҳои миллии  вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим дӯхташуда дарҷ гардида, онҳо  ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ  гурӯҳбандӣ шудаанд.   Дар  ин либосҳои миллӣ суннатҳои мардумӣ риоя шуда, тарроҳон ба тарзи дӯхт ва шакли онҳо тибқи замони муосир иловаҳо ҳамроҳ кардаанд, ки сифати онро боз ҳам беҳтар гардонидааст. Либосҳо ба навъҳо тақсим шуда, ба либосҳои расмӣ, ҷашнӣ (идона), фароғатӣ, истироҳатӣ, соҳавӣ (униформа), театрӣ, ҳаррӯза, хонагӣ, истеҳсолӣ, мавсимӣ ва маросимӣ ҷудо карда шудаанд.


«Дар бештари соҳаҳо ва бахшҳои мухталиф, идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, вобаста ба шароити кор либосҳои махсус (униформа)  тавсия шудааст.  Ба бар кардани либосҳои махсус ҳатмӣ буда,  ба ҳифзи либосҳо ва аз ҳар гуна ифлосӣ муҳофизат кардани либосҳои кормандон нигаронида шудааст. Ҳар корхонаву коргоҳ ва муассисаву  ташкилот намуди либосҳои махсуси худро дорад, ки ба бар намудани онҳо ба занону духтарон  мувофиқи мақсад мебошад. Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баъзе мақомоти дигар, ки либоси ягона доранд, пӯшидан ва риоя кардани он дар ҷойи кор ҳатмӣ мебошад», — чунин омадааст  дар бахши сеюми дастурамали мазкур.

Тавре ба мушоҳида мерасад, ҳоло дар марказҳои савдою хизматрасонии   пойтахт – шаҳри Душанбе  дастурамали мазкур риоя мегардад. Ронандагони нақлиёти мусофиркашон, савдогарон ва дигар намояндагони соҳаҳои мухталифи пойтахт   низ либосҳои махсус ба бар мекунанд. Ҳамчунин  омӯзгорону табибони шаҳри Душанбе тибқи тавсияҳои ин дастурамал амал намуда,  либоси кории худро интихоб намудаанд.

Бояд гуфт, ки  дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади  ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ  ба роҳ монда шудааст. Итминон дорем, ки он пеши роҳи  хурофоту бегонапарастиро гирифта, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату  мамлакат мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 12, 2023 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид