«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе барномаи тарғиботӣ доир карда шуд

Март 4, 2023 10:52

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  иштироки донишҷӯдухтарон таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» чорабинии тарғиботӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона ва муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ гузаронида шуд.

Дар доираи он донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ ба Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои миллии тоҷикиро муаррифӣ намуданд.


Бояд тазаккур дод, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо муҳимияту маҳбубияти  худро гум накардааст.

Солҳои охир  дар Тоҷикистон  таваҷҷуҳ  ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардида, тамоюли пайваста касб менамояд. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, тарғибгари   асосии фарҳангу тамаддуни беназири миллат, хусусан либоси миллӣ мебошанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 4, 2023 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид