Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи парлумонии СААД ба таври маҷозӣ иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбарони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбарияти комиссияи экологӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар реҷаи онлайнӣ баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ҷаласа дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия оид ба масоили мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, илм ва маориф баргузор гардида, дар он вакилон фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои баррасишуда иброз намуданд.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин: «Дар бораи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки моҳи ноябри соли 2022 дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастҷамъӣ доир шуд», «Дар бораи натиҷаи ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД, ки ба салоҳияташон масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният дохил мешавад», «Дар бораи лоиҳаи Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД дар бораи пешгирӣ кардани мусаллаҳшавии бошитоб дар фазои кайҳон», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои узви СААД дар Ассамблеяи парлумонии САҲА (16 феврали соли 2023, реҷаи видеоконфронс) ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД дар 22 ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА (23-24 феврали 2023, Вена, Ҷумҳурии Австрия)», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии давлатҳои узви СААД дар Ассамблеяи 146-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (марти соли равон) Манама, Шоҳигарии Баҳрайн)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи иштироки Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар назорати байналмилалии интихобот ва раъйпурсӣ (29 ноябр 2021)» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофу муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ зери эътибори ҷиддӣ қарор медиҳад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






