Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи парлумонии СААД ба таври маҷозӣ иштирок карданд

Март 31, 2023 14:43

ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз роҳбарони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, роҳбарияти комиссияи экологӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар реҷаи онлайнӣ баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ҷаласа дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия оид ба масоили мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ,  сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, илм ва маориф баргузор гардида, дар он вакилон фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзуъҳои баррасишуда иброз намуданд.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин: «Дар бораи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки моҳи ноябри соли 2022 дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастҷамъӣ доир шуд», «Дар бораи натиҷаи ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳои (комиссияҳои) парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД, ки ба салоҳияташон масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ​​мудофиа ва амният дохил мешавад», «Дар бораи лоиҳаи Изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД дар бораи пешгирӣ кардани мусаллаҳшавии бошитоб дар фазои кайҳон», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои узви СААД дар Ассамблеяи парлумонии САҲА (16 феврали соли 2023, реҷаи видеоконфронс) ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД дар 22 ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА (23-24 феврали 2023, Вена, Ҷумҳурии Австрия)», «Дар бораи ҷаласаи ҳамоҳангсозии сарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва натиҷаҳои кори ҳайатҳои парлумонии давлатҳои узви СААД дар Ассамблеяи 146-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ (марти соли равон) Манама, Шоҳигарии Баҳрайн)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи иштироки Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар назорати байналмилалии интихобот ва раъйпурсӣ (29 ноябр 2021)» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофу муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ зери эътибори ҷиддӣ қарор медиҳад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2023 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе
Мулоқоту суҳбатҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Ба сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуданд