Вазири тандурустии Федератсияи Русия бо имконоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тандурустии Федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ба густариши ҳамкорӣ иброз доштанд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба Вазири тандурустии Федератсияи Русия барои расонидани кумак ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири тандурустии Федератсияи Русия аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дидан намуд.
Тазаккур бояд дод, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳи мазкур бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст. Донишгоҳ бо муассисаҳои олии Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.
Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои ҳамкорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, давоми соли 2022 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Русия равона карда шуданд.
Дар идомаи боздид дар маҷлисгоҳи донишгоҳ вохӯрии Вазири тандурустии Федератсияи Русия бо роҳбарият ва олимону профессорони ин даргоҳи таълимӣ баргузор карда шуд.
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ Вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко бо унвони фахрии «Профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» сарфароз гардонида шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон бо фаъолияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» шинос шуда, аз бахшҳои ҷарроҳии маҷмааи мазкур дидан намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ










ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






