ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки нақш ва мақоми зан ҳамчун қишри муҳими ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта мешавад. Солҳои охир фаъолнокии занон дар соҳаҳои маориф ва илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат нисбат ба солҳои гузашта бештар ба назар мерасад. Ин матлаб 3 март зимни ҳамоиш таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», ки ба Рӯзи Модар бахшида шуда буд, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.
Дар ҷамъомад доираи васеи занону духтарони собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ иштирок намуда, иброз намуданд, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбият карда, ба камол расонид ва онҳоро дар роҳи хизмат ба Ватан ва хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанд аст.
Гуфта шуд, ки модари Ибни Сино Ситорабону фарзандеро ба олам овард, ки нахустин бор дар ҷаҳон илми тибро асос гузошт ва дунёро тасхир намуд. Фарзанди модари мушфиқ Розия Озод- Бобоҷон Ғафуров бо китоби «Тоҷикон»-и худ миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт. Модари бузургвор Бибимарям фарзанди фарзонаи халқи тоҷик- Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё овард, ки қавми парешонгаштаи моро сарҷамъу анъанаҳои миллии моро эҳё намуданд, забони тоҷикиро аз нав ба тахт нишонда, давлати тоҷиконро пас аз ҳазор соли даврони Исмоили Сомонӣ дубора дар арсаи ҷаҳон маълуму машҳур гардониданд.
Собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ таъкид намуданд, ки «занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба мақом ва мартабаи Зан-Модар ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон дар мамлакат 20 санади муҳими давлатӣ қабул гардид. Соли 2014 бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид ҷумҳурии моро узви Комиссияи доимамалкунанда оид ба мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид интихоб кард».
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






