11-12 апрел дар Тоҷикистон омадани сел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, 11-12 апрел бинобар идома ёфтани бориш хатари фаромадани сел дар маҳалҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, хатари баланд шудани сатҳи об, ҷараёни резиши сангҳо, лағзиши замин ва таҳдиди барф ба амал меояд.
Кумитаи мазкур бори дигар ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругаштҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд. Илова бар ин тоза кардани сою дарёҳо, каналҳо ва дигар обанборҳои обиро, ки дар наздикӣ ва ё ҳудуди маҳалли зисти онҳо ҷойгиранд, анҷом диҳанд.
АКС аз бойгонӣ








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






