17 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм ҳамоиши тантанавӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илм маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, субҳи ҳамин рӯз гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон дар назар аст.
Сипас соати 09:00 дар Академияи миллии илмҳо бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони ҷумҳурӣ маҷлиси тантанавӣ доир мегардад.
Инчунин дар ҳамоиш бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар мавзуъҳои «Ҳувияти миллӣ дар осори илмии устод Садриддин Айнӣ», «Робитаи илм ва худшиносии миллӣ аз дидгоҳи Садриддин Айнӣ» маъруза шунида мешавад.
Дар назар аст ба олимоне, ки соли 2023 соҳиби ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста гардидаанд, барои дастовардҳои назарраси илмӣ диплом ва ифтихорномаҳо ва унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» супорида шавад.
Инчунин дар ҳамоиши тантанавӣ китоби «Чеҳраҳои академикӣ» муаррифӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






