17 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ГЕМОФИЛИЯ. Дар Тоҷикистон беш аз 800 гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст

Апрель 17, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 17 апрел Рӯзи ҷаҳонии гемофилия  (англ. World Hemophilia Day) маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию оммавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин сана аз ҷониби Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилия ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод гардида, ҳадаф аз он ҷалби  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба мушкилоти ин беморӣ ва васеъ намудани имконият ҷиҳати беҳтар намудани кумакҳои тиббӣ ба гирифторони ин навъи беморӣ мебошад.

Гемофилия — бемории ирсӣ буда, аз рӯи генҳои волидайн аз насл ба насл мегузарад. Дар беморони дорои гемофилия нисбат ба шахсони солим хунравӣ дарозтар буда, он аз норасоии омилҳои шахшавии хун вобастагӣ дорад.  Ашхоси  мубталои ин беморӣ аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, зеро қобилияти  шахшавии хуни онҳо хеле суст мешавад. Касоне, ки мубталои ин касалиянд, ба гурӯҳи беморони ҳаёташон зери хатар дохил мешаванд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва аъзои Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 6 сол аст, ки дар Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта,  он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсиси ташкилоти мазкур- ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имконияти баробар бо дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда  беморон ройгон бо «криопретсипитат» ва «плазма» таъмин мегарданд.

«Бо дастгирии Федератсияи ҷаҳонии гемофилҳо бори аввал гемофилҳои Тоҷикистон соҳиби шиносномаҳои махсус гардиданд.  Бартарияти шиноснома дар он аст, ки дар он оид ба  беморӣ ва дар ҳолатҳои нохуш бояд кадом доруро истифода кард, маълумот дода шудааст», -иброз дошта шуд дар ҳамоиш.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷиб Азизӣ иброз дошт, тибқи нишондиҳандаҳои омории Федератсияи умумиҷаҳонии гемофилҳо, имрӯз шумораи гирифторони гемофилия дар ҷаҳон 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 800 гирифтори ин беморӣ зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, 3 намуди ин беморӣ мавҷуд аст: гемофилияи «А»- фактори 8, гемофилияи «В»- фактори 9 ва гемофилияи «С»- фактори 11.

«Роҳҳои асосии табобати гемофилия- ин барқарор намудани норасоии факторҳои лахташавӣ дар зардоби хун мебошад. Дар айни замон барои табобати гемофилия консентрати факторҳои лахташавии хун истифода бурда мешавад. Зеро истифодаи онҳо сабаби хуб шудани сифати табобат мегардад», -иброз дошт мутахассис.

Ба андешаи ӯ, ба бемории гемофилия танҳо мардон гирифтор мешаванд. Занон дар ҳолате мубталои ин беморӣ мешаванд, ки агар падар гирифтори ин беморӣ ва модар интиқолдиҳандаи он бошад. Вале чунин ҳолатҳо хеле кам ба қайд гирифта шудааст. Агар падар гирифтори бемории гемофилия ва модар солим бошад, ягон писари онҳо мубталои ин беморӣ намешавад. Мардони мубталои бемории гемофилия гени хешро танҳо ба духтарон медиҳанд ва ҳамаи духтарони онҳо интиқолдиҳандаи гени маҷруҳ мегарданд.

«Занҳое, ки дорои чунин ген ҳастанд, минбаъд интиқолдиҳандаи ин беморӣ маҳсуб мешаванд. Дар онҳо метавонад нишонаҳои беморӣ пайдо нашавад, вале онҳо интиқолдиҳандаи беморӣ ба фарзандон мешаванд. Дар ин вақт эҳтимол аст, ки писарон 50 фоиз гирифтори бемории гемофилия ва духтарон 50 фоиз интиқолдиҳандаи минбаъдаи   гемофилия шаванд. Ҳарчанд ки духтарон солим ба воя мерасанд»,- мегӯяд Наҷиб Азизӣ.

Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли 1964 бори аввал Рӯзи  ҷаҳонии  гемофилҳо дар давлати Канада гузаронида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 17, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид