ҲАДАФ-АМАЛИЁТИ БОНКӢ. Байни «Амонатбонк» ва «Азер-ТуркБанк» санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Апрель 5, 2023 11:38

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расонида шуд, ки дар асоси он «Амонатбонк» ва «Азер –Турк Банк» дар оянда ҳамкориро тақвият мебахшанд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  иттилоъ медиҳад.

Санади мазкурро дар доираи Форуми сармоягузории  Тоҷикистон ва  Озарбойҷон, ки 4 апрел дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, роҳбарони «Амонатбонк» ва «Азер –Турк-Банк» ба имзо расониданд.

Баъди ба имзо расонидани санади мазкур мулоқоти В2В байни роҳбарони  «Амонатбонк» ва «Азер-Турк Банк» баргузор карда шуд.

Дар он масоили ҳамкории дуҷониба ва ба роҳ мондани амалиёти бонкӣ, аз қабили кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, ҷойгиркунии шабонарўзӣ (overnight), мубодилаи асъор ва табодули таҷрибаи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин роҳбарони бонкҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз ҳисоби кормандони дахлдори дастгоҳҳои марказии бонкҳо гурўҳи корӣ таъсис дода, нақшаҳои мазкурро ҳарчи зудтар амалӣ намоянд.

Дар маҷмуъ дар мулоқоти  дуҷониба байни «Амонатбонк» ва «Азер-Турк Банк» барои оғози ҳамкории минбаъда заминаи хуб фароҳам оварда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 5, 2023 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд