«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН». Фестивал насли наврасро ба мутолиаи китоб ҷалб менамояд

Апрель 4, 2023 11:26

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2 апрел дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маросими ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз ёфт, ки то 9 апрел идома меёбад.

Фестивали имсола ба ифтихори 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ баргузор гардида истодааст.

Ҳадаф аз баргузор намудани фестивал- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Фестивал тӯли як ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуда, дар доираи он озмуни «Беҳтарин иншо дар мавзӯи «Тоҷикистон -ватани Наврӯз аст», беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони «Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст», озмуни «Хонандаи фаъолтарин», озмуни «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», озмуни «Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд» ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона сурат гирифта, дар охир ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи яке аз ҷавонтарин эҷодкор, узви Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, муаллифи китоби «4+4», яъне чор афсона ва чор ҳикоя Бежан Ризоев маълумот ҷамъ намуд.

Бежан Ризоев 12-сола буда, дар синфи 6-и Литсей барои хонандагони болаёқати №2-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ба иттилои модараш Мадина Ҳамроева, писараш Бежан азбаски дар хурдсолӣ бисёр китоб мехонд, аз ҳамин сабаб дар дилаш завқи навиштан низ бедор шуд ва ба эҷоди  ҳикояву афсона оғоз кард. Аввалин маротиба  дар синни 7 ӯ ҳикоя навиштааст. Устоди аввалинаш адиби шинохта Латофат Кенҷаева мебошад ва ба ӯ дар ҷодаи эҷод кумак расонидааст. Дар ин роҳи интихобнамудаи Бежан заҳмати модараш низ зиёд аст, зеро тарбияи фарзанд аз оила сарчашма мегирад ва ӯ фарзандашро дар ҷодаи эҷод пайваста дастгирӣ менамояд.  Китоби афсонаҳои Бежан Ризоев бо ду забон -тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расидааст.

Чанде қабл, 15 декабри соли 2022  дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2022» ҷамъбаст гардид, ки дар бахши асарҳои назми бачагона китоби «4+4»-и Бежан Ризоев ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Тазаккур бояд дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуну маҳфилҳои ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, ки мақсад аз он дарёфти  чунин истеъдодҳои ҷавон мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 4, 2023 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид