Ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи пленарии 55-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ба Санкт-Петербург сафар намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил мебошанд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 55-уми АБ ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки аксари онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудаанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






