Ҳайати Тоҷикистон дар 5-умин Анҷумани сайёҳии Сибир дар шаҳри Новосибирски Русия иштирок намуд

Апрель 11, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидорҳои сайёҳии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5-умин Анҷумани сайёҳии Сибир, ки аз 5 то 7 апрели соли 2023 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарон ва мутахассисони ҶСК «Курортҳои Тоҷикистон», ҶСК «Хоҷа Оби Гарм», ҶСК Осоишгоҳи «Зумрад» ва ҶДММ «Ҷавоҳир тур» намояндагӣ намуданд.

5 апрел намояндагони Тоҷикистон дар мизи мудаввар оид ба мавзӯи «Сафарҳои байнидавлатии сайёҳӣ ва самтҳои афзалятноки сайёҳӣ» иштироки фаъолона намуда, мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳӣ вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокчиён рӯнамо манзур кард.

Ҳамзамон, тибқи барнома, 6 апрел сессияи B2B бо намояндагони ширкатҳои сайёҳии Русия  ташкил гардида, 4 нафар аз ҳайати Тоҷикистон барои иштирокчиён доир ба иқтидори сайёҳӣ ва имкониятҳои осоишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳозирин рӯнамо ва видеороликҳо манзур намуд. Баъд аз анҷоми сессияи B2B ҳайати Тоҷикистон бо меҳмонон ба намоишгоҳ ташриф бурда, аз ғурфаи Тоҷикистон дидан кард.


Қобили тазаккур аст, ки ғурфаи мамлакат аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск ва Диаспораи Тоҷикон дар Новосибирск ташкил карда шуда, он бо аксҳои мавзеъҳои таърихӣ, табиати биҳиштосо ва зебоманзари ҷумҳурӣ оро дода шуда, инчунин он бо маводи иттилоотӣ ва тарғиботӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии давлат, видеороликҳо ва меваҳои хушки ватанӣ таъмин карда шуда буд, ки теъдоди зиёди ташрифовардагонро ба худ ҷалб намуд.

Дар намоишгоҳ байни ширкатҳои ватанӣ ва бахши хусусии Федератсияи Русия 5 адад Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии ин давлат мубодилаи корти ташрифотӣ анҷом дода шуд.

Инчунин, дар ҳошияи чорабинӣ байни намояндагони осоишгоҳҳои Тоҷикистон ва роҳбарони иттифоқҳои касабаи корхонаҳои саноатии Новосибирск  вохӯриҳои алоҳида баргузор гардид.

Дар маҷмуъ вохӯрӣ ва мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани сайёҳии Сибир дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард