Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок дорад

Апрель 13, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар пойтахти Амрико — шаҳри Вашингтон иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷаласаҳои баҳории (Spring meetings) Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 10 апрел оғоз ёфта, то 16 апрел идома меёбанд.

Дар доираи сафари корӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, раиси Раёсати Бонки миллии Швейтсария, инчунин дигар шахсони масъули низоми молиявию бонкии баъзе давлатҳои ҷаҳон мулоқот менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки ҷаласаҳои баҳорӣ ҳамасола аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки васеи намояндагону масъулини соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, низоми молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ ва энергетика баргузор мегарданд. Маъмулан дар ин ҷаласаҳо ҷанбаҳои асосии рушди иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он, иқтисоди “сабз”, таъмини суботи молиявӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 13, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст