Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, ки зери унвони «Бозсозии инкишоф» дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳошияи ҷаласаҳои солона аъзои ҳайат дар якчанд чорабинии сатҳи баланд, аз ҷумла «Форуми амал барои об», ҳамоиш дар мавзуъҳои «Механизми нави маблағгузорӣ дар шароити рух додани офатҳои табиӣ», «Рушди бозори неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» ва форуми «Амнияти озуқаворӣ» иштирок карда, сухан гуфтанд.
Дар ин замина ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор, аз ҷумла бо Президенти навтаъйини Бонки ҷаҳонӣ Аҷая Банга, ноиби навтаъйини Президент оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Басани, ноиби Президент оид ба амалиёти молиявӣ ва ҳамкорӣ бо донорон Акихиро Нишио, ноиби роҳбари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Хела Шейх Рухоу, ноиби директор-тақсимкунандаи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Лӣ ва дигар шахсони масъул вохӯрӣ намуд.
Инчунин бо ташаббуси Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои Палатаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд, ки зимни он имконоти иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ҷонибҳо муаррифӣ ва баррасӣ шуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид






