Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Самарқанд иштирок намуд

Апрель 14, 2023 16:49

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷории Иттиҳод табодули афкор намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ бо назардошти Консепсияи рушди минбаъдаи Созмон муаррифӣ намуд.

Аз натиҷаи ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ИДМ-ро оид ба ҷараёни татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар соли 2022 тасдиқ намуда, бо маълумот дар бораи иҷрои Барномаи амал оид ба тақвияти ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори ИДМ шинос шуданд.

Зимнан Низомнома дар бораи мусобиқаҳои оммавии кишварҳои ИДМ байни кӯдакони дорои имконияти маҳдуди саломатӣ низ тасдиқ гардида, қарорҳо дар бораи ба ҳайси пойтахтҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷавонони ИДМ эълон намудани якчанд  шаҳрҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод қабул карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2023 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»