Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ дар Деҳлӣ иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии машваратии даҳуми вазирони нақлиёт ва ҷаласаи гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон қарор дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дирӯз ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид, ки дар он намояндагони давлатҳои узви СҲШ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Созмони мазкур баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба декарбонизатсия (кам намудани таъсири карбон ба муҳити зист) дар нақлиёт, пешбурди трансформатсияи рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории баланд пешниҳод гардид.
Ҳадафҳои асосии қабули ин Консепсия- кам кардани таъсири карбон ба муҳити зист аз сӯзишвории истифодашаванда, истифодаи технологияҳои алтернативии сӯзишвории нақлиётӣ, инчунин декарбонизатсияи нақлиёт бо мақсади коҳиш додани партовҳои автомобилҳо то соли 2030 тавассути тавсеаи истифодаи манбаъҳои тоза ва барқароршавандаи энергияи оянда ва талош барои таҳия ва пешбурди технологияҳои ба оянда мутобиқ, яъне омӯхтани ҷойгузинҳои (алтернативаҳои) тозатар ва «сабзтар» мебошад.
Мусоидат ба трансформатсияи рақамӣ дар нақлиёт бо мақсади ноил шудан ба истифодаи бештар ва самараноки инноватсияҳои ҷаҳонӣ ва таҷрибаҳои пешқадам низ аз ҳадафҳои дигари консепсия маҳсуб мешавад.
Дар назар аст, ки лоиҳаи консепсияи мазкур баъди баррасии гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ барои баррасӣ ва тасдиқ ба вохӯрии машваратии вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод гардад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид






