Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Эрмитажи давлатии Федератсияи Русия густариш меёбад

Апрель 15, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 15.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ёддошти тафҳум оид ба ҳамкории илмӣ-тадқиқотӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муассисаи федералии давлатии буҷети фарҳангии «Осорхонаи давлатии Эрмитаж»-и Федератсияи Русия ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Ёддошти тафоҳум 13 апрел дар доираи сафари кории  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ  бо директори генералии Муассисаи федералии давлатии буҷети фарҳангии «Осорхонаи давлатии Эрмитаж»-и Федератсияи Русия М.Б. Пиотровский имзо гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, профессор Убайдулло Насрулло ва дигар масъулони Эрмитажи давлатии Русия иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба оид ба гузаронидани тадқиқоти археологӣ ва корҳои барқарорсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳраки қадимаи Панҷакенти бостонӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, ҷалби грантҳо барои корҳои барқарорсозӣ ва консерватсия, пешбурди корҳои муштараки фарҳангӣ, тарбиявӣ ва маърифатӣ баррасӣ карда шуданд.

Фарҳод Раҳимӣ ва Михаил Пиотровский   аз раванди ҳамкории дуҷониба, табодули  таҷрибаи олимон, иттиллотӣ- илмӣ ва омода намудани кадрҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

АКС : Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 15, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид