«Амонатбонк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» тасмим гирифтаанд, ки Созишномаи хати қарзӣ ба имзо расонанд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни «Амонатбонк» ва «Бонки рушди Қазоқистон» дар самтҳои гуногун зимни мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Нурлан Байбазаров, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони хамкории Шанхай дар иёлати Гоаи Ҳиндустон баргузор гардид, баррасӣ карда шуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба табодули таҷриба ва маблағгузории савдо барои рушди гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии «Бонки рушди Қазоқистон» Нурлан Байбазаров пешниҳод намуд, ки омода аст ояндаи наздик бо «Амонатбонк» Созишномаи хати қарзӣ ҷиҳати рушди гардиши молу маҳсулот байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонад.
Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ пешниҳоди роҳбарияти «Бонки рушди Қазоқистон»-ро бо хушнудӣ пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи худро дар самтҳои манфиатнок иброз намуд.
АКС: «Амонатбонк»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






