Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис дода мешавад

Апрель 27, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис меёбад. Ин иқдом дирӯз, 26 апрел зимни баргузории Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои  давлатдорию давлатсозӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат пешниҳод шуд.

Ҳадафи таъсиси Ассотсиатсия- ин муттаҳид сохтани блогерони ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.

Ассотсиатсия имкон фароҳам меорад, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти блогерон дар асоси қонун ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда шавад.

Ҳамзамон дар ҷараёни форум аз блогерон даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ассотсиатсия аъзо шуда, забони давлатиро риоя намуда, урфу одатҳои миллӣ ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳиро дар саҳифаҳои худ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Бо дастгирии ин иқдом блогерони ҷавон иброз доштанд, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар  пешгузошта ба хотири амнияти Ватан ва тарғиби дастовардҳои рӯзафзуни он равона месозанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои  давлатдорию давлатсозӣ» аз  26 то 30 апрел дар  шаҳру ноҳияҳои  Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон  баргузор гардида, дар доираи он зиёда аз 60  ҷавони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ  бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат  аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ  муаррифӣ менамоянд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад