«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиш оғоз ёфт

Апрель 3, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  31 март дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсиси Донишкада таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши асарҳои эҷодии донишҷӯёни тамоми ихтисосҳои амалкунанда баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишкадаи мазкур хабар  медиҳад.

Дар намоиш як қисми захираи фонди методӣ, ки давоми 10 соли фаъолият ҷамъоварӣ шуда буд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоиш намояндагони  Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Намоиш то 1 май идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфтааст.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Апрель 3, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид