БА ИСРОФКОРӢ РОҲ НАДИҲЕМ! Ин масъала дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Апрель 19, 2023 13:17

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беназорат нагузоштани кўдакону наврасон, тарғиби сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар айёми иду маросимҳо,  инчунин расонидани  кумак ба  эҳтиёҷмандон,  аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки 18 апрел зимни ҷаласаи корӣ  дар Идораи телевизион ва радиои вилояти  Хатлон  бо иштироки  роҳбарони сохторҳои дахлдор  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур, ки бо иштироки муовини Раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид, масъулин  доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш доданд. Аз ҷумла,  мудири шуъбаи дин,  танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин хусус ҳисобот дода, иброз дошт, ки мутаассифона,  бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳанўз ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки қонуни мазкурро риоя накарда, ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надода, баръакс ба ҷойи ин барои фарзандонамон  ҷиҳати  омўзиши дониш, касбу ҳунар  ва мутолиаи китоб  шароит фароҳам биёрем.

Гуфта шуд, ки дар ҳақиқат,  дар баъзе оилаҳо одитарин шароити таълим барои фарзандон-миззу курсӣ, ҷевони китоб ва ғайра таҷҳизоту ашёи хониш   фароҳам оварда нашудааст, аммо  волидайн ба ҷои ин ба оростани дастурхони пурдабдаба ва худнамоӣ машғул мешаванд, ки оқибати хуб надорад.

Дар ҷаласа ҳамчунин  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бобати баргардонидани ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар мактабҳои динии хориҷи  мамлакат  таҳсил мекунанд, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ ҳисобот дод.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар вилоят бо  мақсади пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ  доир ба масъалаҳои зикршуда  гурӯҳҳои корӣ  таъсис дода мешавад.

Гурўҳҳои корӣ дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба  мавзуи мавриди назар кор мебаранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 19, 2023 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид