БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон мумфаршкунии роҳҳо оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд ба мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар суҳбат бо сокинон роҳбарияти вилоят доир ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳия маълумот дода, таъкид кард, ки дар доираи бунёдкориҳо тибқи нақша, соли равон таъмиру тармими беш аз 2000 км роҳ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 228 км таъмири асосӣ, 975 км таъмири ҷорӣ ва 799 км шағалпӯш карда мешавад.
Гуфта шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо мумфарш карда хоҳад шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи кӯчаҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрави шаҳри Бӯстон ба масоҳати 4700 метри мураббаъ ва бо паҳноии шаш метр бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мумфарш карда мешавад.
Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчӣ ҶДММ «Ширкати истеҳсолӣ-сохтмонии Файз» мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






