Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Гиёҳнома. Ҷонварнома»-и Абӯалӣ ибни Сино тақдим карда шуд

Апрель 25, 2023 20:01

 ДУШАНБЕ, 25.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Гиёҳнома. Ҷонварнома»-и Абӯалӣ ибни Синоро  доктори илми филологӣ, профессор Сулаймони Саидраҳмон аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тафсиру таҳқиқ намудааст, ки он ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад.

Китоби мазкур барои мутахассисони соҳаи растанипарварӣ, тиб, байторӣ, табиатшиносӣ ва ховаршиносон пешбинӣ гардида,  дар нашриёти «Душанбе»  чоп карда шудааст.

Сулаймони Саидраҳмон китобҳои дигари Абӯалӣ ибни Сино, аз ҷумла «Китоб-ун-набот», «Гиёҳнома», «Китоб-ул-ҳайвон»,  «Ҷонварнома» ва «Китоб-уш-шифо»-ро низ тарҷума намудааст.

Ду асари охир аз ҷумлаи сарчашма ва ташаккули истилоҳоти растанишиносӣ, тиб ва байторӣ барои омӯзиши таърихи илм дар асрҳои миёна ба шумор меравад.

«Китоб-ун-набот» олами растаниҳоро ба равиши илмӣ-ботаникӣ тавсиф намудааст.

Дар «Китоб-ул-ҳайвон» мутафаккир олами инсон ва ҳайвонотро дар масири ҳаёт бо дидгоҳи олимона тасвир намудааст.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 25, 2023 20:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд